Бо эҳтиром ва самимияти афзун кулли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҳамсафон Шуморо ба муносибати интихоб шудан ба Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор” №50, ноҳияи Зафаробод самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар фаъолияти пурмасъулияти вакилӣ муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Шумо аз зумраи инсонҳоед, ки ҳастии хешро барои рушду пешрафти кишварамон бахшида, баҳри ободии Ватани азизамон-Тоҷикистони саҳми босазо доред.
Фаъолияти пурсамари Шумо дар сохторҳои давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияи Истиқлол ва Деваштич, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Шумо дар кору фаъолият содиқ ва масъулиятшинос ҳастед.
Бароятон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҳизб барору муваффақиятҳои тоза ба тозаро таманно менамоем.
Аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд