Рубрики
Асосӣ

МУҲТАРАМ ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН,

        Бо самимияти афзун кулли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  ва  ҳамсафон Шуморо бо сазовор гардидан бо ордени Шараф дарачаи I самимона табрик менамоем.

Шумо аз зумраи инсонҳоед, ки  ҳастии хешро  барои рушду пешрафти кишварамон бахшида, баҳри ободии Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми босазо доред.

Боиси ифтихори мо кормандон ва ҳизбиён, ки Шумо имрӯз Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буда, баҳри амалӣ намудани ғояҳои ҳизб кӯшиш  ба харҷ дода истодаед.

         Бароятон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҳизб барору муваффақиятҳои тоза ба тозаро таманно менамоем.                  

           Бори дигар, Шуморо бо сазовор гаштан бо чунин унвони  олӣ муборакбодӣ намуда, бароятон саодатмандӣ, хонаободиву хушбахтӣ  ва дар фаъолияти меҳнатиатон комгориву пирӯзиҳои нав ба навро орзу дорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *