Рубрики
Uncategorized

НАЗАРЕ БА ОИНА

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, барномаи навбатии “Назаре ба оина” бо иштироки подполковник-корманди комиссириати ҳарбии вилояти Суғд Наимзода Фариддун Наим, сардори зершуъбаи корҳои сиёсӣ –тарбиявии қисми ҳарбии 35-01 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Нурзод Маҳбуб Мелс, модарони сарбозон, сарбозону афсарони қисмҳои низомии вилоят ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Подполковник- Наимзода Фариддун Наим қайд намуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши омодагии дифои ҳарбиро ба таври зарурӣ ба роҳ монд. Ҳар ҷавон пас аз хатми муассисаи таълимӣ бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ донад. Имрӯзҳо сафи ҷавонони ихтиёрӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Майор Нурзод Маҳбуб Мелс, оид ба хизмат ба Ватан иброз дошт, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Ҳимояи Ватан – вазифаи муқаддаси хар як ҷавонмард мебошад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари ба нангу номусро талаб мекунад.

Сарбозоне, ки имрӯзҳо адои хизмат намуда истодаанд дар барнома иштирок намуда иброз доштанд, ки имрӯзҳо бештари ҷавонон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис мекунанд. Шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.

Ҳамарӯза аз ҷониби тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ давом дода шуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *