Рубрики
Uncategorized

“НАЗАРЕ БА ОИНА”

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи “Назаре ба оина” оид ба мазӯъи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар барнома фаъолони ҲХДТ, кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ширкат намуданд. Ровии барнома Муҳайёхон Шарипова барномаро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Яке аз собиқадорони ҲХДТ Карамулло Одилов дар барнома қайд намуд, ки Асосгузори Сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ эълон намуданд, ки раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад. Ин ташаббуси Пешвои миллат ба соҳибкорони Ватанӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад, ки корхонаҳои нав таъсис дода бо ҷойҳои нави кори аҳолиро таъмин намоянд. Дар ин вақт албатта сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон паст меравад. Сипас Моҳира Раҳимзода рузноманигорӣ рӯзномаи “Сухани халқ” аз дастгириву ғамхории Пешвои Миллат дар Паёми навбати нисбат ба занон ёдовар шуд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон ёдовар шуда Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манова оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат дар барномаи “Назаре ба оина” чунин шарҳ дод. Ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи донишандӯзии наврасон ва иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ ба мисоли “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ” Илм фуруғи маърифат”, хадафи 4-уми стратегии кишвар яъне саноатикунони, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳимро дар Паёми навбати ироа намуданд, ки чиҳати амалӣ гардидани он, мо низ кушиш намоем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бурду бохт, музаффарияту муваффақиятҳои 30 соли даврони Истиқлолиятро ҷамъбаст карда, барои 10 соли ояндаи кишвар нақшаҳоро тарҳрезӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххасро вогузор намуд. Паёми навбатӣ ҳамаи соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудии онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян сохт-ин нуктаро Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Гулбаҳор Султонова баён намуд. Инчунин дар барнома ҷавонон, занон ва фаъолони ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи “Назаре ба оина” баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *