Рубрики
Uncategorized

Назаре ба оина

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи навбатии телевизионии “Назаре ба оина” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид. Дар барномаи мазкур олимон, собиқадорон, устодон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуда, доир ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат, аҳамияту арзишҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд.

Зимни баргузории барнома таъкид шуд, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ ба Тоҷикистониён муроҷиат карда гуфтанд, ки ман ба дилу дидаи халқам ҷой мешавам ва имрӯз таърих гувоҳ аст, ки ин суханҳо дар ҳақиқат ҷомаи амал пӯшиданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсе ҳастанд, ки дорандаи ҷоизаи “Сулҳи ҷаҳон” 13-умин шахс дар кураи замин лоиқи ҳамин ҷоиза шуданд- иброз намуд Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров.

Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким сухан ронда, афзуд, ки бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ ҳисороти зиёд ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохир бо афкори тоза дари саодатро бикшод. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромўшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

Ҳамзамон, Раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода Муҳаммадҷон оиди Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, қайд кард, ки бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъйин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор овард.

Дар рафти барнома қайд гардид, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик тинҷиву оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва устувории истиқлолияти давлатиро фароҳам овард. Ҳар сол истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд- иброз дошт, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбарзода Маъруф.

Хуллас, ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Бо ҳамин сабти барномаи телевизионии “Назаре ба оина”-ро ровии барнома Муҳайё Шарипова ҳусни анҷом бахшид. Барномаи мазкур санаи 21.07.2022 соати 19:00 намоиш дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *