Рубрики
Uncategorized

НАЗАРЕ БА ОИНА

                                            

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз   Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Шарҳи воқеии ин ду санаи таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл бозгӯ кардаанд:

«Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем».

Мавзуъи барномаи навбатии “Назаре ба оина” ба Ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Дар барнома  собиқадорони ҲХДТ  Шуҷоат Ҳасанова, Абдуҳаким Шарипов,  занон ва ҷавонони  баруманди вилояти Суғд, ширкат варзиданд.  Собиқадорони ҲХДТ ба ҷавонон  оид ба  Ваҳдати миллӣ сухан намуда иброз  доштанд:- Мо имрӯз бо ифтихор сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро “МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ“ меномем. Зеро бо иродаи бузурги ватандӯстона ва ҷавонмардона тавонистанд, ки  бо қувваҳои даргир ва мусаллаҳ давоми 40 моҳ гуфтушунид анҷом диҳанд ва ин хидматҳо , дилу нияти пок ва муҳаббат ба Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ дод. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.  Занону ҷавонон низ дар барнома фикру андешаҳои хешро дар бораи сулҳу субот ваҳдати миллӣ баён намуданд. Собиқадорони ҲХДТ аз ҳамаи мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба  қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *