Рубрики
Last News

НАЗМИ ОЛАМГИРИ ТУРСУНЗОДАВУ ЛОИҚ ЗИНДА БОД…

Дар толори ДДҲБСТ бо ҳамкори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Назми оламгири Турсунзодаву Лоиқ зинда бод” баргузор гардид. Конфронсро ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машоккир ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмононро хайрамақдам намуд. 

Сипас раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар мавзӯъи “Вассофи сулҳу дӯстӣ, ватан ва саодати зан” дар ашъори Мирзо Турсунзода баромад намуда қайд намуд, ки дар ҳақиқат, каломи муассиру ҷозибадори устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хоса касб кардааст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар ҷараёни зиндагии ӯро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Шоир аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуд. Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.

Инчунин дар конфронс гузоришҳои илмии н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии МДТ “ДДХ” ба номи академик Б. Ғафуров” Тоҷибой Султонӣ дар мавзуъи “Симои модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ”, гузориши мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, н.и. ф., дотсент Каримов А дар мавзуъи “Истифодаи санъатҳои бадеӣ дар достони “Чароғи абадӣ”-и М.Турсунзода, гузориши илмии д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Шокиров Т дар мавзуъи “Модарнома”-и М. Турсунзода, гузориши илмии доктаранти кафедраи забони тоҷикии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Олимҷонов дар мавзуъи “Хусусиятҳои корбурди вожаҳои мураккаб дар назми Лоиқ” ва маърузаҳои дигарон шунида шуд. Дар фарҷоми конфронс донишҷуёни донишгоҳ аз эҷодиёти шоирони халқии Тоҷикистон –Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *