Рубрики
Last News

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 Дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зафаробод дар соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои КИМ ҲХДТ сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ”  Бахтиёр Ҳамдамов, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода  Зуфар Муртазохон, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Заррина Ислом ҳамчунин аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ    иштирок намуданд.  Шарифзода  Туйғун Тоҳир-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод  ҳисоботи  фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲҲДТ  дар ноҳияи Зафаробод давоми соли 2020- ро  ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас Мансуров Ибодулло – роҳбари ТИ “ИДБЗОЗ”, Исмоилов Аминҷон раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Қобилбеков Ином аъзои фаъоли ҳизб, Заррина Абдуллозода-муовини раиси ноҳияи Зафаробод ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро хуб арзёбӣ намуданд. Аъзои КИМ ҲХДТ Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромадҳои худ доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ  ибрози андеша намуда, барои пешрафти фаъолият дастурҳои судманд доданд. Ҳамчунин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ ёфта,  таъкид гардид, ки  Нуктаҳои Паём дастури созанда барои фаъолияти минбаъда хоҳад буд.  

 Аз рӯи масъалаҳои пешниҳодшуда, нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Зафаробод тасдиқ гардида, масъалаи муқосикунӣ аъзоёни ҳизб ва маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2021 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.      

 Дар маҷлиси ҷамъбастӣ дастур дода шуд, ки ташкилотҳои ҳизбии ноҳия тибқи нақша дар давраи минбаъда фаъолиятро дар самти  татбиқи ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҲХДТ, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар меҳвари фаъолият қарор диҳанд.

Дар  фарҷоми  маҷлис як чанд нафар аъзоёни фаъол  бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва  ноҳияи Зафаробод сарфароз гардида,  ба ҷавонони тоза ба сафи ҲХДТ аъзо гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *