Рубрики
Асосӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 25-октябри соли равон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи нӯҳ моҳи соли 2022 баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов  ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис ҳозиринро шинос кард ва оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ҳисобот дод. Мавсуф дар баромади хеш зикр дошт, ки кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми нуҳ моҳи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд. Ҳамчунин бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши бузурги ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом – эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҳамзамон дар доираи аксияи мазкур якчанд чорабиниҳо, мизҳои мудаввар бо занону ҷавонон, вохӯриҳо, аёдати иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз, рӯзи дарҳои кушод дар қисми ҳарбӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонон гузаронида шуд.

Сипас, масъалаи рафти  маъракаи  обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, фармоишҳои раиси кумиҷроия, қарорҳои муассисони ташкилотҳои ибтидоии нав таъсисёфта ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, қатъ, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб дар давраи семоҳаи сеюми соли 2022 тасдиқ гардиданд.

Ҳамчунин тибқи қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 “Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” Ситоди шаҳрӣ «Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, қарори дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карда, барои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.

Бо ҳамин маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба охир расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *