Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон маҷлиси васеъи ҷамъбастии фаъолияти соли 2020-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон ва вазифагузориҳо барои соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис узви КИМ ҲХДТ Мунаввара Дадобоева, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, муовини раиси шаҳри Бўстон Хуршед Сатторзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Миршакар Ҷалолзода, ректори Донишкадаи куҳию металлуригии Тоҷикистон Маҳамадалӣ Бахтиёр Набӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, собиқадорон, занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Дар маҷлис як чанд масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Ҷалолзода Миршакар баромад намуда, оид ба фаъолияти солонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бўстон маълумоти муфассал дод. Инчунин дар ҷараёни маҷлис Сардухтури беморхонаи шаҳрӣ, вакили мардумӣ Ибрагимова Зулола Осимовна, Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Маҳамадалӣ Бахтиёр Набӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Бўстон Мамнур Нурзода, ба музокира баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бўстонро дар соли 2020 мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, муовини раиси шаҳри Бўстон Хуршед Сатторзода, суханронӣ намуда, нуқтаҳои меҳварии Паёми навбати Пешвои миллат-ро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон оид ба ҷалби бештари шахсони арзанда ба сафи ҳизб, хуб ба роҳ намудани сатҳу сифати корҳои тарғибу ташфиқотӣ ва ғайраҳо суханронӣ намудан.
Дар интиҳо фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои Кумиҷроияи иҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуда, ба аъзоёни нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.