19-феврали соли равон машғулияти навбатии курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон баргузор гардид. Дар машғулият намояндаи кумиҷроияи вилоятии ҳизб Бобоҷонова Мутрибахон доир ба мавзӯи “Нақши воситаи ахбори омма дар раванди демократикунонии ҷомеа” лексиягузорӣ намуд. Фаъолони курси мазкур низ доир ба мавзӯи зикргардида андешаронӣ намуданд.
Рубрики
Нақши ВАО дар раванди демократикунонии ҷомеа
