Рубрики
Uncategorized

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ОНҲО

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабинии таҳиягардида санаи 26- уми соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеа ва роҳҳои баланд бардоштани мавқеи онҳо» доир намуд. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҷиҳати нақши фаъоли занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ қайд карда гузаштанд. Ҳамчунин дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки саҳми занону бонувон дар рушди соҳаҳои илму маориф бисёр арзишманд мебошад, ки зиёда 73 фоизи онро занону бонувон ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Иштирокчиёни мизи мудаввар иброз намуданд, ки мо занону бонувон Ватани зебоманзару биҳиштосои худро сидқан дӯст медорем, шукронаи ин обу хоки диёри маҳбубамонро мекунем ва онро аз хатару таҳдидҳо ҳифз намуда, барои ободиву сарсабзии он саъю талош намуда, рисолату вазифаи бошарафи худро сарбаландона иҷро менамоем. Ҳамзамон фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии умумибашарӣ тарбия менамоем. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»ва ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ бештар ҷалб гардидани онҳо фаъолияташро вусъат мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *