Рубрики
Асосӣ

Нақши Иҷлосияи ХVI уми Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таҳкими нигоҳдошти миллат

Мардуми сарбаланди кишвари азизамон моҳи ноябри соли равон 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана қайд мекунад.

Албатта, сӣ сол дар назди таърихи инсоният шояд баробари як миҷа задан бошад. Вале, давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳодисаҳоеро аз сар гузаронид, ки сабақҳои он садсолаҳои дигар моро роҳнамоӣ хоҳад кард. Хушбахтона, имрӯзҳо ҷангу гуруснагӣ ва бетартибиву беамнӣ аз ёди мардуми мо дур шуда, манзара ва ҳодисаҳо солҳои наваддум қариб, ки аз мадди назари рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радиоҳо нопадид шудааст. Фаромӯшии ҷанг албатта хурсандӣ аст, лекин бо ин ҳама фаромӯшиҳо набояд сабақҳои ҷангро низ мо фаромӯш намоем. Дар як муддати кӯтоҳ ҷанги бародаркуширо фаомӯш кардан ва давлати ҷангзадаро ба кишвари монанди “Биҳишти рӯи замин” табдил додан, гувоҳӣ аз дурандешӣ ва соҳибхирадии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дурус аст, ки таърихро халқ месозад, вале нақши шахсият дар таърихи ин ва ё он давлат бениҳоят бузург аст. Аз ин ҷост, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар нигоҳдошти Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарории сулҳу субот дар кишвар ва рушди минбаъдаи он хеле бузург мебошад. Аз ин ҷост, ки сарвари кишварамонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат меноманд.

Дар таърихи ҳар қавму миллат ҳодисаҳое ҳастанд, ки сарнавишти халқиятҳоро куллан дигар намуда, дар ҳаёти минбаъда нақши босазо бозидаанд.

Дар таърихи халқи тоҷик яке аз чунин воқеаи таърихӣ ин баргузории иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таърихи ХVI-ноябр то 2-декабри соли-1992 Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид  ва он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуда, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пеш аз ҳама ба ҳастии кишваре бо номи Тоҷикистон гузошт. Дар рўзномаи кории иҷлосия 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Рўзи 19-ноябр дар ҷараёни иҷлосия ҳодисаи хотирмон рух дод, дар он ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шўрои Олӣ Акбаршо Искандаровро аз вазифа озод намуда ба ин мансаби масъулиятнок Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Аз 197 нафар вакилон 186-нафар номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози миллат ин вазифаро ба ўҳдаи хеш гирифта, қабл аз ҳама Пешвои миллат гўшаи парчами серангаи кишварро бўсида, савганд ёд намуданд:

“Тамоми донишу таҷрибаро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул-гулшукуфии ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам”.

Бо гузашти сӣ сол, мо шоҳиди он гардидем, ки Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ аз ӯҳдаи қасами хӯрдаи худ баромаданд ва дар Тоҷикистон сулҳу субот, сериву пуррӣ ва пешрафти куллиро таъмин намуданд. Дар ин муддати кӯтоҳ кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо эътироф, ҳамчунин пешниҳодҳои онро зиёда аз дусад кишвари дунё якдилона қабул намуданд.  

Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ  роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хўрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати кўҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли  тоҷикон Парчам  ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки он эҳсоси  ватандустӣ ва ифтихори миллати ҳар як фарди бонангу  номусро меафзуд, зеро то он замон мо рамзҳои мутобиқ ба талабот ва шароити давлати соҳибистиқлол, яъне Парчам ва Нишони давлатӣ, суруди Миллӣ надоштем, дар кишваре, ки аллакай дар шароити истиқлолият зиндагӣ дошт, Конститутсияи соли-1978 амал мекард.

Дар воқеъ Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди воқеии таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи тоҷикон тарҳрезӣ гардида ба сўи ҳадафҳои бузурги  умумимиллӣ, сулҳу субот, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд.

Маҳз ҳамин ҳодисаи таърихӣ тавонист, ки мавқеи кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ маълум ва машҳур гардонида  ҳамаи моро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд.  

Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва Иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд              Ёсуман Аҳмадова                 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *