Рубрики
Last News

«НЕРУВУ ТАВОНИ СОЗАНДА ДАР ВАҲДАТ АСТ»

Дар Ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан ва деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич аз ҷониби гуруҳи ташвиқотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқот бо интихобкунандагон ҷиҳати тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 Исмоилиён Комрон Исмоилзода, ки дар конфронси муштараки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич пешбарӣ гардида буд, баргузор гардид.

Дар мулоқот шахсони боэътимоди номзад ба вакилӣ – сармуҳаррири рӯзномаи «Афкори халқ» Муаззама Абдуваҳҳобова ва собиқадори меҳнат Азиз Муъминзода бобати кору фаъолият ва тарҷумаи ҳоли номзад ба вакилӣ маълумот дода, номзад ба вакилӣ низ доир ба муҳтавои барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ба иштирокчиёну фаъолон маърӯза намуд. Инчунин аз байни иштирокчиён якчанд нафар низ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки номзади пешбаришаванда – Исмоилиён Комрон Исмоилзодаро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи ҲХДТ воқеан ҳам амалишаванда буда, дастовардҳои имрӯза худ гувоҳи он аст ва аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки номзади аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбаригардидаро ҷонибдорӣ намоянд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқотҳои зикршуда, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати масъалаҳои беш аз пеш вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорӣ дар истифодаи қувваи барқу пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, афзун намудани майдони кишти картошка, мусоидат ҷиҳати бартарафсозии даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва санитарию гигиенӣ, муборизаи беамон бо дасисаангезону паҳнкунандагони маводу матлабҳои иғвогаронаю таҳрифӣ дар шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои интернетӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра суҳбатҳо анҷом дода шуданд.

Дар фароварди мулоқотҳо қайд гардид, ки сарҷамъии миллат ва рушди устувори муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад. Бақои миллат ва иқтидори миллат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобастаанд ва маҳз дарки ҳамин нуқтаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *