Рубрики
Uncategorized

Номаи меҳр ба собиқадори ҳизб

          Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент барои табрик ва дидорбинӣ ба хонаи раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб, собиқадори хидмати давлатӣ ва ҳизб Ҳамида Холова рафта, номаи табрикии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфархон Муртазо ва тӯҳфаҳои идонаро ба муносибати Рӯзи модарон ба ӯ тақдим намуданд.

          Ҳамида Холова  солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногуни хидмати давлатӣ, аз ҷумла раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, сарвари хадамоти хазинаи нафақа кор карда, собиқаи беш аз 25-солаи ҳизбӣ низ  дорад. Солҳои зиёд дар Кумитаи иҷроияи ҳизб ба сифати корманди масъул кор карда, ҳоло  ба Шӯрои собиқадорони ҳизби  Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сарварӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *