Эҳтирому қадршиносӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи ҲХДТ ёфта, баҳри ҳамаҷониба амалӣ намудани он КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин аст, ки дар доираи ҷашни бузургдошти Рӯзи Модар бо ибтикори Раёсати КИ ҲХДТ занони фаъолу меҳанпараст ва собиқадорони ҳизбу меҳнат бо “Номаи меҳр” ва туҳфаи хотиравӣ Кумитаи иҷроияи вилоятӣ сарфароз гардиданд.
Вобаста ба ин иқдом, имрӯз Исмоилзода Зуфар Муртазохон -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кулли бонувони иштирокчии курси бозомӯзиро бахшида ба Рӯзи Модар аз номи роҳбарият ва Раисони Кумитаҳои иҷроия самимона муборакбод намуда, қадршиносӣ намуданд.