Рубрики
Асосӣ

НОМАИ МУБОРАКБОДИИ РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамсафон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!

Бо камоли ифтихору самимият шумоёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Соли равон барои мардуми сарбаланди кишвари мо, аз ҷумла, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ соли фаромӯшнопазир маҳсуб меёбад. Зеро, мо 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гирифтем. Боиси ифтихор аст, ки тамоми чорабиниву ҷашнҳо зери парафшонии Парчами давлатӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, амну осоиштагии Ватан ва ободкориву бунёдкориҳо доир гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Воқеан, аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ буда, барои партавфишон гардидани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёд намудаанд.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик Парчами миллӣ – рамзи муқаддас ва нишонаи садоқатро баланд бардошта, аз дурахшу ҷилои он ифтихор мекунанд, зеро он дирӯзу имрӯзи моро ба ҳам мепайвандад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ватан бо иқдоми наҷибу ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар идомаи суннатҳои халқамон дониста мешавад. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар шаҳодати таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзу арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдорӣ маҳсуб ёфта, миллати тоҷикро ин рамзи муқаддас ба пеш, ба сӯи дастоварду муваффақиятҳо, ободониву бунёдкориҳо ва рушду пешрафти зиндагии босаодат таҳрик медиҳад.

Дар вилояти Суғд низ бо иродатмандии Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят парчами миллӣ афрохта шуда, атрофи он ба макони зебои сайругашт табдил ёфта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон, талқини арзишҳои миллӣ дар тӯли беш аз чаҳоряк аср талош намуда, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузорӣ менамояд.

Имрӯзҳо мардуми иродатманди кишвар зери парафшонии Парчами давлатии худ барои боз ҳам равнақ ёфтани Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ мегардонанд.

Барои расидан ба мақсадҳои наҷибу созанда ба ҳамдиёрон барору комёбӣ таманно намуда, ҳоҳони онем, ки саломативу саодати рӯзгор доимо насибатон гардад.

Бигзор, Парчами Тоҷикистони азизамон дар фазои сулҳу амонӣ ҳамеша парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *