Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ,

Табибони ҳозиқу мушфиқ!

Ҷашни касбиатонро, ки ҳамасола ба зодрӯзи алломаи бузурги шарқ – ҳаким Абӯалӣ ибни Сино рост меояду имсол шукуҳу шаҳомати он дар остонаи таҷлили 30 – солагии Истиқлоли миллии кишвар рангу ҷилои дигар мегирад, аз номи кулли ҳизбиёни вилоят табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бегазанд, хонаи обод ва дили шодро таманно дорам.

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, бо талош ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.  То ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидани маблағгузории соҳа, мавриди истифода қарор гирифтани зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ, омода кардани 172 ҳазор нафар кормандон  худ баёнгари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар  нисбати соҳаи тандурустӣ мебошад.

Шурӯъ аз фарҷоми соли 2019 ва то имрӯз пизишкон аз имтиҳони сахту сангини мардонагиву матиниродагӣ – мубориза алайҳи бемории сироятии ҳамагири КОВИД – 19 гузашта истодаанд. Маҳз  ҷонбозиву фидокорӣ, садоқат ба касби хеш аст, ки имрӯз шиддати беморӣ пасту зиндагӣ дар маҷрои муайян идома дорад. Табибон бо амалҳои ҷавонмардона ва сатҳи касбияти баланд бори дигар собит намуданд, ки меросбарони ҳақиқии пири ҳакимони шарқ ҳастанд.

  Ба хотири ҳифзи иҷтимоии табибон давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконият ва воситаҳо истифода мебаранд.  Бо амри Сарвари давлат борҳо иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб ҷудо гардида,  барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо ва табибон аз буҷаи кишвар даҳҳо миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардиданд.

Дар ин рӯзҳои мушкилфизо кормандони соҳаи тандурустии вилояти Суғд низ аз таваҷҷуҳи ғамхорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсан муҳтарам Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бархӯрдоранд. Маҳз соҳибназарӣ ва диди хоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корабарии хуби  Сарвари вилоят аст, ки имрӯз вазъи эпидемологии ҷумҳурӣ ва вилоят рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашни касбӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *