Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба 27 – солагии қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамсафони гиромӣ!

Фарорасии боз як санаи муҳим ва таърихи давлатдории навини тоҷикон – солгарди қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли аъзо ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд табрику муборакбод намуда, ба ҳар фарди ватандӯсту соҳибиродаи ин диёри ваҳдатобод хонаободиву сарбаландӣ таманно дорам.

       Санаи  6-ноябри соли 1994  дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Зеро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигоҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул карданд.  Дар ҳошияи гиромидошти ин санади муқаддаси миллӣ ҳанӯз дар суханрониҳои нахустини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем”.

Воқеан ҳам, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар кард, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Конститутсияи кишварамон кушояндаи бахту роҳи армони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, хатти озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолати ҳизб аз бандҳои асосии Констутсия – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  ободу шукуфон, аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад, иборатанд.

Имрӯз ҳизбиён арзишҳои конститутсиониро сарчашмаи зиндагонӣ ва фаъолияти худ қарор дода, ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро, ки кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҳифзу гиромӣ медоранд.

   Рӯзи қабули Конститутсия муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *