Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

              Ҳамсафони азиз!

          Боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо санаҳои хотирмон ҷашн мегиранд.

         Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чун рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, он бо иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва ба сипари боэътимоди мамлакат табдил ёфтааст. Сарвари давлат дар лаҳзаҳои хеле душвор ва ҳассоси кишвар, ки хатари нобудии миллат ба миён омада буд, аввалан эътимоду боварии мардумро нисбати Ҳукумат қавӣ намуда, баъдан Артиши миллиро ба хотири ҳифзи якпорчагии давлат ва ҳимояи соҳибистиқлолӣ аз сифр ба як нерӯи муқтадир табдил доданд.

Дарки баланди масъулият, эҳсоси ватанхоҳона ва инсондӯстӣ дар вуҷуди фарзандони бонангу номус ва сарбаланди ин давлату миллат буд, ки онҳо садоқату самимияти худро барои пойдории сулҳу субот борҳо нишон доданд.

Пешвои муаззами миллат дар тантанаи 27   солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаҳрамонию далерии афсарону аскарон арҷ гузошта, таъкид доштанд: “Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ саҳми басо ва арзишманд гузоштаанд”.

         Воқеан, ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон равад, беихтиёр симои сарбозони шуҷоъ, сипари боэътимоди кишвар, яъне аскарону афсарон пеши назар меояд. Зеро маҳз хизмати софдилона, вале душвори онҳо омили тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зисту зиндагӣ, таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

         Тӯли солҳои  соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи  Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос таъмин шуда, бо яроқу лавозимот ва техникаю технологияи муосир мусаллаҳ гаштаанд.

         ҲХДТ чун тарғибгари сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, тарбияи ватандӯстии насли ҷавонро асоси пешрафти ҷомеа мешуморад ва пайваста дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.  

         Имрӯз қарзи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳи устувору тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ягонагии миллии халқамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

         Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба ифтихори ҷашни Артиши миллӣ табрику муборакбод мегӯям.

29 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *