Рубрики
Uncategorized

Номаи табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон

   Ҷавонони саодатманд ва насли фардосози Тоҷикистон!

Бо ифтихори саршор ва самимияти афзун фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям.

Ин санаи муборак дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида,  аз ҳар ҷавони бонангу номус масъулият ва салоҳияти бузургро тақозо менамояд.

Зеро ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем”.

Воқеан ҳам, имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки ҷавонон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону аҳли ҷомеа ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро амалан исбот намоянд. Зеро бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат барои густариши афкор ва истеъдодҳои ҷавонон майдони фарох боз шуда, баргузории озмунҳои сатҳи баланд аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ҳазорҳо ҷавононро ба ҳам овард ва нақши онҳоро дар тарбияи маънавию сиёсӣ боз ҳам баланд бардошт.

 Таъсиси квотаҳо барои ҷавонони дурдаст барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ, ҷоизаҳои ба номи “Исмоили Сомонӣ”, “Дурахшандагон” ба номи “Султон Умаров”,  роҳандозӣ шудани Барномаву стратегияҳои давлатӣ ва даҳҳо дигар дастгириҳо нишони соҳибхирадӣ ва дурандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

         Дар иҷрои ин рисолати бузург ҷавонони фаъоли ҳизбӣ, ки дар вилоят шумораи онҳо зиёда аз 60 ҳазор нафар мебошад,  бояд мавқеи пешсафиро аз даст надиҳанд. Зеро ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо аз мулоқоти озоду шаффофи навбатии Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, дар роҳи таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон медиҳанд. Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёд, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошад, ба ифтихори Рӯзи Ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирӯзиҳо орзу дорам.

Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *