Ҳамдиёрони азиз Ҳамсафони муҳтарам!Бо ифтихормандӣ ва самимияти беандоза аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба муносибати 27 – солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод мегӯям. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият буда, ҳамчун ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфуз пайдо карда ва татбиқкунандаи ормонҳои миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста анҷом диҳад. Мақому манзалат ва шӯҳрати намоёни ҲХДТ аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он манша гирифта, рисолати худро дар беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат медонад. Агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар роҳи давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”. Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 27 соли фаъолияти босамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи моро ба марҳилаи сифатан нав раҳнамоӣ карда истодааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке аз ташкилотҳои муқтадире маҳсуб меёбад, ки 157 ҳазор нафар аъзоро дар 1410 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ намудааст. Ин нерӯ баҳри таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ваҳдату ягонагӣ ва рушду суботи ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста талош меварзад. Саодати бузург он аст, ки нақшаҳои тарҳрезинамудаи кумиҷроияро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода пайваста дастгирӣ мекунанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомот тадбирҳои неку созанда дар ҷомеа амалӣ карда мешаванд. Имрӯз ҲХДТ як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ гардонад.Дар ин лаҳзаҳои хотирмон бори дигар ҳизбиёни вилоят ва кулли ҷонибдорони моро бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, комёбию пешравиҳоро дар ҳама ҷода таманно дорам.Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборак бошад!
Рубрики