Ҳамдиёрон ва ҳамсафони гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам.
Ҳар соли сипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад.
Соли 2021 дар таърихи кишварамон бо дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ басо хотирмон буд.
Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо сарбаландиву сарфарозӣ бар он мекӯшад, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо дар оғӯши сулҳу ваҳдат обод бошаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бимонад ва мардум зиндагии шоиста ба сар баранд.
Боиси хурсандӣ аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки дар он муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ ҳукм меронад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Соли нав ироа гардид, як навиди неку саривақтӣ буда, роҳнамо ва дастурамали ҳар як сокини кишварамон дар солҳои минбаъда хоҳад буд. Халқи Тоҷикистон бо пайгирӣ аз ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат бо умеду боварии комил ба Соли нави 2022 қадам мениҳанд.
Умедворем, ки соли 2022 низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҷашнҳои пуршукӯҳи худ ба монанди 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боварӣ дорем сокинони шарафманди кишварамон бо дастовардҳои назаррас ва бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил хоҳад намуд, бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд.
Бизор соли нав барои мардуми шарифи кишвари азизамон соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардад ва диёри моро ҳамеша шодмониву шодкомиҳо раҳнамоӣ намояд.
Бори дигар фарорасии Соли нави мелодиро самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хотирҷамъиву осудагӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонам.
Соли нав муборак