Рубрики
Асосӣ

НОМАИ

муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 дар вилояти Суғд

Исмоилзода Зуфар Муртазохон   бахшида ба 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

        Ҳамсафони гиромӣ!

Дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони саодатмандӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 июн – Рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошад. Биступанҷ сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.

Мо ин рӯзи пурнишотро, ҳамчун рӯзи эҳёи дубораи миллат ҷашн мегирем ва дар радифи дигар идҳои бузурги миллатамон онро арзишманд медонем. Зеро бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон тамоми мардуми ҷаҳон огаҳ гардид, ки миллати соҳибхирад ва тамаддунофар ҳастем ва анъанаҳои ибратомӯзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шахси ватандору ватандӯст ва бо нангу номус муқаддас аст. Маҳз, Ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам меоварад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузошта шавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид мекунанд:  «Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад».

Воқеан, Ваҳдат чароғи дидагони мардум, меваи бурдборӣ, ҳамраъйӣ, ҳамбастагӣ, ҳамовозӣ мебошад. Ҳама созандагию ободкориҳо маҳз ба шарофати Ваҳдат аст.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва давлатдории тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст.

Дар кори фароҳам овардани муқаддастарин дастоварди таърихи навини кишвар – Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст. Бо дастгириву пуштибонии аҳолии мамлакат заминаву имкониятҳои мусоид барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ фароҳам гардида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат тадриҷан комёбиҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ  ва таҷрибаи сулҳофарии  тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат  аст, аз ҷумлаи сабақҳои  басо арзишмандест, ки натанҳо  дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ  мавриди  истифода қарор гирифтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он,  фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад Тоҷикистонро, ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад.

Аҳли ҳизбиёни вилоят бо шукрона аз тинҷиву осоиштагии мамлакатамон фаъолияти хешро дар самти таблиғу ташвиқи ғояҳои Оинномавию Барномавии ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли мамлакат идома бахшида, барои сулҳу ҳамбастаги ҳамешагӣ саъю талош меварзанд

Бароятон дар ин рӯзҳои пурсурур ва ҳама рӯз осмони соф, тани сиҳату хотири ҷамъ, осудагии рӯзгор, камолоти эҷодию маънавӣ орзумандам.

Ҷашни рӯзи саодат ва ваҳдати миллӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *