Рубрики
Асосӣ

НОМАИ

МУБОРАКБОДИИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН

 БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ,

Табибони ҳозиқу мушфиқ!

Саломатӣ ганҷи бебаҳо,  асоси некӯаҳволии шахс аст ва ин сарватро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба мавлуди яке аз алломаҳои бузурги шарқ, табиби ҳушманду олими сатҳи ҷаҳонӣ  Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, самимона табрику  муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки ҳамеша тансиҳат, сарбаланду саодатманд ва омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошед.  

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, бо талош ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Бо иштироки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои беморхонаи марказии шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом пас аз навсозӣ  ва мулоқоти озоду самимии Роҳбари давлат бо кормандони соҳа бори дигар аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумат нисбати далолат медиҳад.

Табибони ҳозиқу ғамхор борҳо аз имтиҳони сахту сангин гузашта, вориси ҳақиқии Синои бузург буданашонро бо дониш, малака ва муҳимтар  аз ҳама бо муошират ва муносибати хубашон исбот намуданд.   Маҳз  ҷонбозиву фидокорӣ, садоқат ба касби хеш буд, ки дар мубориза ба бемории шадиди сироятӣ – Ковид – 19 корномаҳои бемислу монанд нишон доданд.

  Дар вилояти Суғд низ соҳаи тандурустӣ пайваста дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсан муҳтарам Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дошта, вазъи хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба мизоҷон роҳандозӣ карда шудааст.  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашни касбӣ муборак муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *