Рубрики
Uncategorized

НОМАИ

муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати  наврасӣ, осмони соф, оромиву осудагӣ ва хандаи беғаши тифлиро таманно дорам.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тарбияи тифлакони босаодат, яъне ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, обутоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ ҳамаи шароитро фароҳам овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои тифлакон бахту саодати рӯзгорро дида, таъкид доштаанд: «Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд. Ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар симои кӯдакон фардои босаодати миллатро мебинад. Ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ барои дастгирии  оилаҳои ниёзманд, модарони танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кӯдакони маъюб бо хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, баланд гардидани сатҳ ва сифати таълим, шароити мусоид барои донишандӯзӣ дар Барномаи ҳизб ҷойгоҳи хосса дошта, давра ба давра ин нишондодҳои барномавии ҳизб дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Алҳол дар вилоят 283 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 43 ҳазору 112 нафар кӯдакон фаъолият дошта, ба шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза касб мекунад. Туфайли ин эътибору ғамхорӣ наврасон дар озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, олимпиадаҳои фаннӣ ширкати фаълона доранд.   

Имрӯз вақти он расидааст, ки бар зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ боз ҳам бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Фаро гирифтани кӯдакону наврасон  дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо аз зуҳуроти дигари ғамхории калонсолон ва масъулини соҳа маҳсуб мешавад, ки ба тарбияи сазовори насли ояндасоз мусоидат мекунад. Ин тадбирҷӯиҳо барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсос ва худшиносии ҳар наврас мусоидат хоҳад кард.

Бори дигар фарзандони дӯстрӯяку хурдсолро дар ин рӯзи фархунда аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, орзу дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд.

Ид муборак, фарзандони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *