Рубрики
Uncategorized

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ:ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

     Дар КИИ минтақаи Ёва бахшида ба 24-солагии Ваҳдати миллӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ – омили муҳими пешрафти кишвар” баргузор гардид.

    Дар он намояндагони кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ иштирок намуда, оиди аҳамияти таърихӣ ва шӯҳрати ваҳдати миллиамон ҳарф заданд. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ якпорчагии марзу бум ва сарҷамъии миллатро таъмин кард. Ба ваҳдати миллии мо ҷаҳониён назари нек доранд, зеро ягон ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин вақти кӯтоҳ ба сулҳу ваҳдат нарасидааст, чунонки тоҷикон ба он муваффақ гаштаанд.

    Таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва сулҳи тоҷикон дар як қатор кишварҳое, ки аз хатарҳои терроризму  экстремизм ва дигар низоъҳо ранҷ мебаранд, бо пешниҳоди Созмони Миллаи Муттаҳид татбиқ меёбад. Ин боиси ифтихори мо – тоҷикистониён аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *