Рубрики
Асосӣ

НУРИ МАЪРИФАТ БА РӮЯМ БОЗ КАРД ОМӮЗГОР…

Бузурге фармуда: Суханронии хуб ба се омил вобастагии қавӣ дорад. Нахустин, гуянда, дуюм, тариқи баёни у, сеюм, матлабе, ки гуфта мешавад. Каломи суханвар бояд дар он пояе бошад, ки таъсири он ба шунавандагон чун пайғом ва навиди зарурӣ аз қалб ва руҳи баёнгар ба қалб ва руҳи сомеъон гузарад. Пас, шумо шогирдони гиромӣ, агар моилед, ки дар оянда нотиқу сухандони варзида гардед, тарсу ноумедиро аз худ дур созед ва ҳатто ба лавҳи хотир ҳам наоред, ки дар сухандонӣ ва суханронӣ аз дигарон камӣ ё ноқисие доред. То имкон доред, ҳунари сухангуйиву суханвариро ёд гиред, ки бузургии суханварони дунё низ дар ҳамин аст:-ин нуктаро дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Зайтметов Ҳусайн ба шунавандагони дарси захираи кадрҳо иброз намуд. Зайтметов Ҳусайн дар мавзӯъи “Нақши санъати суханварӣ дар фаъолияти роҳбари ҷавон” маълумот дода, оид ба навъҳои сухан, навъҳои машқ барои суханронӣ, таваҷҷуҳ ба лавозими суханварӣ ва шароити бархурдорӣ, дониши лозима барои суханварӣ, асрори суханронӣ ва хусусиятҳои хоси он ба шунавандагони захираи кадрхо маълумот дод.

Сипас дар дарси дуввуми мактаби захираи кадрҳо Исматдинов М.Э .- Директори филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд дар мавзӯъи “Низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда оид ба маъракаи сиёсӣ, ки дар он ба мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимият намояндагон баргузида мешаванд сухан намуд.

Ёдовар мешавем,ки дар даврони Истиқлолият дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд. Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш тайи 4 моҳ дарс хоҳанд гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *