Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Вохӯрии Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Рарз вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бустонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.  

Қайд гардид, ки таҷрибаҳо ва назарияҳои гуногуни илмӣ собит кардаанд, ки кишварҳои гирифтори буҳронҳои иҷтимоиву сиёсӣ даҳсолаҳо дар асорати буҳрони иқтисодӣ мемонанд.

Ҳамзамон, давлатҳое низ ҳастанд, ки аз оташи ҷангу нифоқу буҳронҳо берун омада, ғайричашмдошт ба пешрафти бузург ноил гардидаанд ва Тоҷикистонро метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд.

Дуруст аст, ки як даҳсолаи истиқлолияти мо бо барқарорсозии сулҳу рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ гузашт. Танҳо нангу номус ва муттаҳидии халқи тоҷик боис гардид, ки таҳаввули иқтисодӣ ба вуҷуд ояд ва шароити зиндагии ҳамватанон сол ба сол беҳ гардад.

Дар Паём бо қиёс пеш овардани дастовардҳои иқтисодӣ ҳар яки моро водор менамояд, ки ба гузаштаи на чандон дури кишвар ба дидаи таҳқиқ нигарем.

Масалан, агар соли 2000 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 миллиард сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ин нишондод ба 28 миллиард сомонӣ расид. 53 баробар зиёд гардидани ММД ва 111 баробар зиёд гардидани Буҷети давлатӣ барои кишвари ҷангдидаи мо дастоварди бесобиқа аст.

Дар ин давра бунёди зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро чор маротиба афзоиш дод. Маҳз дар ин замина, ҳадафи чоруми старатегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ба миён омад.

Дар интиҳои вохӯрӣ, интихобкунандагон атрофи Паём ва дигар масъадаҳои мубраи саволҳо дода, ҷавобҳот мушаххас гирифтанд.

Вохӯрии вакили МНМОҶТ бо дигар интихобкунандагони ҷамоати деҳоти ноҳияи Айнӣ бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *