Рубрики
Асосӣ

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Истиқлоли ватанам

Метапад дил, мезанад дил, эй  азизон  зиндаам!

Тоҷикам  аз  дудаи  он  тоҷдорон зиндаам!

Гар  лаби ноне  надорам,  мушти хокат  нони  ман,

Ман  ба  як  каф  хоки  покат,  Тоҷикистон  зиндаам!

Истиқлолият  дар  таърихи  ҳазорсолаи  халқи тоҷик аз  ҷумлаи  он  миллатҳоест,  ки  марзу  буми  худро  хеле  дӯст  медоранд  ва  барои  ҳастии миллат  ҷоннисорӣ мекунанд. Истиқлолият   шараф  ва номуси  ҳар  як  миллати озодандеш  ва  соҳибхираду соҳибэҳтиром  аст.

Дар  ибтидои истиқлолияти  давлатӣ  Худованд  ба  халқи  тоҷик  Пешвоеро  ато  кард, ки миллату  давлати   моро  дар  арсаи  ҷаҳон  муаррифӣ намуда, Тоҷикистони  соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима  бахшид.

Соли 1992  фарзанди  дурандеш ва шердили халқамон Эмомалӣ Раҳмон  дар  Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шӯрои Олии кишвар  дар шаҳри бостонии Хуҷанд  бори сангини  сарварии   давлати соҳибистиқлоли тоҷикро  ба дӯш  гирифт. Дар  шароит ва вазъияти  басо мушкили  сиёсӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ рӯи  кор  омад.  Эмомалӣ Раҳмон  баҳри  пойдорӣ ва  шукуфоии  кишвари  азиз,  сулҳи  устувор ва  ваҳдати  комили  миллӣ талош  варзид. Тоҷикистони  биҳиштосоямонро  дар  кӯтоҳтарин  вақт  ба  нодиртарин  давлат  табдил  дод  ва ба тоҷикони ҷаҳон  фаҳмонд, ки тоҷик  ҳама ҷову  Тоҷикистон  яктост. Онҳо  метавонанд ба  Тоҷикистони азиз  озодона  рафтуо  кунанд  ва  аз  тамошои  Ватани азиз  ҳаловат  баранд. Аз  он  хурсандем, ки сарнавишт  ба  мо  чунин  Пешворо  дод. Мо  бо  Президенти  ваҳдатовару  раиятпарвари  худ Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои  миллат,  Раиси муаззами  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ифтихор  мекунем. Дар  Тоҷикистон зистану шаҳрванди  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  будан  ифтихор  аст. Модоме  ки  ба  мову  шумо  чунин  шараф  муяссар гардидааст, биёед шаҳрванди ҳақиқию арзанда  бошем. Барои  ободонии  кишвари азизамон ҳиссаи арзанда гузорем. Дар  атрофи  Пешвои  миллат муттаҳид  гардем. Чи хеле  ки  Президенти  кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон    дар  Паёмҳои худ  таъкид менамоянд “Истиқлол  рамзи  соҳибдавлатӣ ва  ватандории  миллати  сарбаланду  мутамаддини  тоҷик  аст, ки  аст, ки номаи тақдирашро  бо дасти хеш  навишта,  роҳу  равиши  хоса  ва  мақому  мавқеи  муносиберо  дар  ҷомеаи ҷаҳонӣ  пайдо карда,  набзи  давлату  миллати моро  ба  набзи  сайёра  ҳамсадо  месозад.”

Яъне  истиқлолият  рамзи  саодати  миллат  ва  давлати  соҳибихтиёрии  миллӣ,  нишонаи  пойдориву  бақои  он  мебошад.  Зеро  дар  ин  дунёи  пуртазоди  муосир  миллате  соҳиби  ному  иззат  шуда  метавонад, ки истиқлоли  воқеӣ  ва  давлати  озоду  мустақили  хешро  дошта  бошад.

Мо бояд  шукргузор  аз он  бошем,  ки дорои давлату  миллат  ва  истиқлолияти  комилему  дар  фазои  сулҳу  амонӣ умр  ба сар мебарем.  Вазифаи  мо  дар  назди  ин  неъматҳо  он  аст,  ки бо  ҷаҳду  талоши  хеш  дар  ободии Ватани  азиз   саҳмгузор  бошем.

 Негматҷонова С – мудири  бахши 

умумии  КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *