Рубрики
Uncategorized

н.Бобоҷон Ғафуров: Нерӯи тоза аз Паём

21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ – ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмӯҳтаво ва пандомӯзии Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад. Мо ҷавонони кишвар бо шукгузорӣ аз даврони Истиқлол ва шукронаи чунин Пешвои хирадманду ғамхор, аз ин Паёми навбатии сарвари кишвар илҳоми тозаву нерӯи қавӣ гирифта, минбаъд таҳти сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кор ва фаъолияти худро бо сари баланду дили пок ба иҷро мерасонем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *