Рубрики
Uncategorized

ОБОДИИ ДАСТАРХОН АЗ ЗАМИН АСТ

Аъзоёни гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент имрӯзҳо бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр оид ба истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ сӯҳбату мулоқот анҷом медиҳанд. Ҳангоми боздид аз ҳавлиҳо ҳолатҳое ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе сокинон ҳанӯз дар ҳотаашон зироате кишт накардаанд. Мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ва Қобил Ҷалолов бо далелҳо ба онҳо зарурати истифодаи босамари ҳар порча заминро фаҳмонида, таъкид намуданд, ки ободии дастархони оила аз замин аст ва он набояд нокишта монад. Борбари ин даҳҳо хонаводаҳо дар ҳотаи худ кайҳо зироат кишта, аз он имрӯзҳо баҳра ҳам мебаранд. Чунин боздиду сӯҳбатҳо минбаъд низ идома дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *