Рубрики
Last News

ОБОДОНӢ – МАРОМИ МОСТ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атроф санаи 17 апрели соли 2021 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» баҳри ободонию тозагӣ дар атрофи бинои маъмурӣ шанбегӣ баргузор намуданд. Дар шанбегии мазкур гирду атрофи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия аз ҳамагуна алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда, гулҳои ороишӣ шинонида шуданд. Корҳои ободонӣ зери шиори «1300 рӯзи зарбдор» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *