Рубрики
Uncategorized

ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабинии таҳиягардида аксия дар мавзӯи «Об-манбаи ҳаёт»-ро ташкил намуд. Ҷиҳати фаҳмонидани муҳимтарин равандҳои биологӣ, ҷуғрофӣ ва геологии об дар шаҳраки Ғончӣ гардиши хона ба хона гузаронида шуда, ҳангоми баргузории гардиши хона ба хона доири ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи об сӯҳбат гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки 93 фоизи Ватани маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлолро кӯҳсор ташкил намуда, имрӯзҳо дар дунё дар масоили сарфа ва тоза нигоҳ доштани об соҳиби обрӯву нуфузи зиёд гардида истодааст. Кӯҳҳо, ки манбаи асосии оби тозаанд, сарвати асосии Тоҷикистон мебошанд. Зеро дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 947 дарёҳои калону хурд вуҷуд доранд. Боиси хурсандӣ ва мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳон чун кишвари биҳиштосо, ҳамешасабз, манбаи обҳои ширину табобатӣ, боду ҳавои фораму тоза ва ҷойҳои таърихӣ шинохтааст. Пешниҳоди Сарвари хирадманди мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири аҳамияти муҳими ҳаётии об, истифодаи оқилона ва мавқеи калони об дар ҳаёти кулли сокинони саросари ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шудааст. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич гузаронидани силсилачорабиниҳо таҳти унвони «Об- манбаи ҳаёт» идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *