Рубрики
Асосӣ

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Соли 2018 дар арафаи фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев кушода шудани марзҳои байни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар туҳфаи арзанда барои ин миллатњо маҳсуб меёбад. Чун он рӯзҳоро ба ёд орам, пеши назар манзарае ҷилвагар мегардад, ки чӣ тавр он мардуми тоҷику ӯзбеки солҳо ташнаи дидори якдигар аз вохӯрӣ ашки шодӣ мерехтанду ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанд. Ин ду миллатро, ки адабиёт, фарҳанг, маданият, расму оинашон ба ҳам тавъаманд, дар ҳеҷ давру замон аз ҳамдигар ҷудо кардан наметавон.

Боз як воқеаи фараҳбахше, ки дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ба вуқӯъ пайваст, бори дигар ин ду миллатро ба ҳам овард ва ба сӯи сарҷамъиву муттаҳидӣ, дӯстиву рафоқати халалнопазир раҳнамун сохт.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани “Душанбе – Тошканд – Душанбе” аз 20 июни соли равон оғоз гардид. Баъди 21 соати тай намудани роҳи оҳан қатораи нахустини “Дӯстӣ” аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд расид. Дар истгоҳи роҳи оҳани Тошканд мусофирон ва меҳмононро намояндаҳо ва аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Абдусамат Муминов, ҷонишини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, дигар намояндаҳои илму адаб пешвоз гирифтанд. Зери садои суруду мусиқӣ дастаҳои ҳунарӣ меҳмононро хуш истиқбол гирифта, ба толори пазироӣ хайрамақдам гуфтанд. Сипас, Абдусамат Муминов, ҷонишини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд ва ин воқеаи фараҳфизоро ба ду миллате, ки солҳо ташнаи дӯстиву рафоқат буданд, муборакбод гуфтанд.

Боиси сарфарозист, ки дар қатори намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ман ҳамчун ҷавони ватандӯсти кишвар ба ин сафар шомил шудам ва шоҳиди ин воқеаи нави таърихӣ гардидам. Ин навгонии сурурбахш дар саҳифаи равобити дӯстии ду миллати ба ҳам пайванди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар хотиротам нақши муассири худро гузошт, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад. Кушода шудани сайрхати Душанбе – Тошканд тавассути роҳи оҳан натанҳо муносибати иқтисодиву иҷтимоии ҳар ду кишварро қавитар месозад, балки дилҳоро низ бо ҳам наздик мекунад.

Чӣ тавре ки коршиносон иброз медоранд, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлати бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муњтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳама ҷода робитаҳо густариш ёфта, додугирифти молу маҳсулот нисбат ба панҷ соли пешин даҳ маротиба афзудааст. Махсусан, сафарҳои кории роҳбарони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар муносибатҳои ҳар ду мамлакатро ба сатҳи нав бароварданд.

Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки кушодашавии сайрхати нав барои боз ҳам бештар тақвият ёфтани муносибатҳо такони нав хоҳад бахшид. Барои чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарони ҳар ду давлат аз номи ҷавонони фаъоли Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд миннатдорӣ баён мекунам. Таманнои онро дорам, ки дӯстии халқњои тоҷику ӯзбек пояндаву мустаҳкам бод! Сулҳу ваҳдат, якдиливу якмаромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои ин ду сарзамини ҳамдину ҳамоин ҷовидона бошад!

Ҳангоми бозгашт аз Тошканд ба Душанбе дар қатора бо мусофирон, ки аз рӯяшон нури шодиву нишот мунаввар буд, менигаристаму ба худ меандешидам: “Одамон бояд ба ҳам меҳру муҳаббати инсонӣ дошта бошанд, барои сулҳу дӯстӣ, ободиву сарсабзии Ватани худ, хушбахтиву саодати миллат бояд заҳмат кашид. Ба насли фардосоз моҳияти дӯстиву рафоқат, якдиливу якмаромӣ, самимияту эҳтиромро ҳамарӯза бояд омӯхт! Мулкро пойдору ободтар бояд кард! Барои арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ, барои ба ояндагон ба мерос гузоштани мулки ободу халқи дилшод зери ливои дӯстиву рафоқат, меҳру садоқат устуворонаву бебокона қадам бояд гузошт”.

Таманнои дигари мо ин аст, ки ваҳдату дӯстии тамоми миллатҳои рӯи олам побарҷо гардад ва кабӯтарони сулҳу дӯстӣ дар фазои беғубор ҳамеша болафшонӣ намоянд. Ва мо доимо таронаи дӯстӣ дар лаб дошта бошем. Номи ҷанг ва ҷангҷӯён аз ҷаҳон нопайдо гардад ва ҳамеша сулҳу ваҳдат шиори оламиён бошад!

Он тавре ки вассофи сулҳу дӯстӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармуда:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Фирдавсхон САИДОВ,

роҳбари намояндагии ТҶҶ

“Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *