Бо ташаббуси ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озмуни “Зан-олиҳаи ҳусн ва кадбонуи моҳир” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯ духтарони факултаҳои Иқтисодиёт ва технологияи иноватсионии бо ном дастаи “Хуҷаста”, факултаи молия ба ҳисобгирии бугалтери дастаи “Паричеҳра”, факултаи тиҷорат фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дастаи “Фариштаи замин” ширкат варзиданд. Дастаҳои духтарон аз руйи 5-шарт, 1) ороиши муйи қадима бо либоси қадима, 2) ороиши муйи муосир бо либоси рӯзмарра, 3) дарзмол кардани куртаи мардона, 4) намоиши истеъдоди духтарон, 5) омода кардани хуриш баромад карданд. Аъзоёни ҳакамон Шуҷоат Ҳасанова, Атаева Ҳамро, Анварова Мадина ва Мирзохуҷаева Азиза ҷойи якумро ба дастаи “Фариштаи замин” сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби дастаи “ Паричеҳра” ва ҷойи сеюм насиби дастаи “Хуҷаста” гардид. Иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Рубрики