Рубрики
Uncategorized

ОЗМУНИ «Машғулияти беҳтарин», «Айвончаи беҳтарин» ва «Гурӯҳи беҳтарин»

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  бахшида ба таҷлили  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ ва оммавию варзиширо доир намуд. 

        Аз ҷумла, санаи 31.05.2021 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон дар муассисаи таълимии томактабии рақами 1-и  маркази ноҳия озмуни «Машғулияти беҳтарин», «Айвончаи беҳтарин» ва «Гурӯҳи беҳтарин» гузаронида шуд. 

        Дар озмун мураббияҳои 19 гурӯҳҳои амалкунандаи МТТ №1 ширкат варзида, ба ғолибони озмун туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  супорида шуданд.

        Санаи 01.06.2021 дар Касри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертии тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия баргузор гардид.

        Инчунин дар ҳамкорӣ бо вакилони мардумӣ ва ташкилоти ибтидоии «ТҶ Мақсад» ба кӯдакони маъюбу бепарастор, ятимони кулл ва нимятим аз оилаҳои ниёзманд бахшида ба ин санаи хотирмон дастурхони идона ташкил карда шуда,  ҳамзамон онҳо бо тӯҳфаҳои идона  сарфароз гардонида шуданд. 

          Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Деваштич аъзоёни фаъоли ТҶ «Созандагони Ватан» аксия таҳти унвони «Кудакон гулҳои зиндагии мо мебошанд» гузаронида шуда, дар он варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

          Инчунин тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба ин санаи хотирмон байни кӯдакони маъюб мусобиқаҳои варзишӣ, ба монанди шашкаю шоҳмот  ташкил  ва гузаронида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *