Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ва иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд №38 дар асоси нақша чорабиниҳои алоҳидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен давраи озмуни ноҳиявии “Мо бо шумоем” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова У, мудири бахши кор бо занону ҷавонон Бобоқулова З, директори ҷамъияти маъюбон Убайдуллоева М, намояндаи фарҳанги ноҳия Тоҳиров Шерзод, намояндагони шуъбаи маъорифи ноҳия Узоқова М, Тоҳирова Р ва зиёда аз 35 нафар наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд иштирок доштанд. Озмуни мазкур аз руйи се шарт гузаронида шуд: маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ ва рақс. Дар охир ба иштирокчиён барои иштироки фаъол ва маҳорати баланд миннатдории роҳбарияти кумитаи иҷроияро расонида ба корҳои ояндаашон мувафақиятҳо таммано намуд. Ба ғолибони озмун Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен супорида шуд.
Рубрики