Рубрики
Last News

ОЗМУНИ “ТУРСУНЗОДАХОНӢ”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф ва китобхонаи марказии ноҳия, ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ дар байни толибилмон озмуни “Турсунзодахонӣ” – ро доир намуд.

Дар ибтидо мушовири забон ва адабиёти кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Ниёзбадалов Мирзошариф муҳтавои озмунро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода, ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби масъулони кумиҷроияи ноҳиявӣ, ровиён, шоирон, омӯзгорони соҳибтаҷриба, собиқадорон таъин гардиданд ба иштирокчиёни озмун ошно намуд.

Сипас, хонандагон аз рӯи талаботҳои озмун баромад намуда, маҳорати шеъргӯӣ, эҷодкорӣ, суханвариву сухандонии худро нишон доданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳаёту фаъолият, эҷодиёт ва луғатномаҳои Мирзо Турсунзода бо иштирокчиёни озмун саволу ҷавоб намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Қобили қайд аст, ки озмун дар китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бомаром идома дошта, масъулони кумиҷроияи ноҳиявӣ тасмим гирифтаанд, ки баъд аз хулосаи ҳайати ҳакамон ғолибонро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ сарфароз намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *