Баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муҳасиллин озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Озмун дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-уми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона гузаронида шуд. Хонандагон вобаста ба номинатсия афсона, қисса, шеър, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа аз бар намуда, байни ҳам ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон ҳавасманд гардонида шуданд.