Рубрики
Uncategorized

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО БО ШУМОЕМ”

Дар асоси низомномаи КИМ ҲХДТ ва тибқи барқияи №38-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13.04.2021 дар толори мактаб-парваришгоҳи нобиноёни шаҳри Исфара давраи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии таҳти унвони “Мо бо шумоем” байни кудакон ва наврасони аз синни 6 сола то 18 сола, ки ба гуруҳи маъёбӣ шомиланд, бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Гулавзо озмунро ҳусни оғоз бахшида, оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишри осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар бораи ҳадафи асосии баргузории озмун, дастрасии маъюбон ба таҳсил, ҷалби онҳо ба шуғли доимӣ, фароҳам овардани имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа сухан намуд.

Ҳамаи кудакону наврасони маъюб, ки дар озмун ширкат намуданд бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

 

 

и ещё 8

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *