Рубрики
Uncategorized

ОИЛАИ СОЛИМ- ҶОМЕАИ СОЛИМ

Ҳамасола дар саросари мамлакат санаи 15 май ҳамчун Рӯзи оила таҷлил карда мешавад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан Нигина Мӯсоева ба ин муносибат бо иштироки оилаҳои намунавии деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот ҳамоиши хотирмоне баргузор намуд. Дар ҳамоиш оилаҳои беҳтарин намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, либосҳои миллӣ, тартиби қабули меҳмонон, ҳунари сурудхонию қироати шеърро нишон дода, сазовори таҳсини иштирокчиён гаштанд. Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва мудири шуъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи оила табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба оила ҷойгоҳи хоса дорад ва таҷрибаи оилаҳои намунавӣ дар рӯзгордорӣ, тарбияи фарзандон, эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар дар ҳама деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот ба хотири пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунати оилавӣ тарғиб карда шавад. Ба оилаҳои беҳтарин сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *