Санаи 18-уми май дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом оид ба баргузории хониши сиёсӣ дар муассисаи таълимии №38-и деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Шерматова Фирӯза соати сиёсӣ таҳти унвони “Оила – асоси тарбияи фарзанд” баргузор гардид. Зимни чорабинӣ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба масъалаи рушду устувории оила, сиҳативу тақвияти мақоми иҷтимоии он, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкаму устувории оилаҳои ҷавон ва нақши волидон дар тарбияи дурусти ҷавонону наврасон ибрози афкор намуд. Дар ин радиф иштирокдорон низ доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар тарбияи дурусти насли ояндасози миллат табодули афкор намуданд.
Рубрики