Рубрики
Мақола

ОН РӮЗ ДУР НЕСТ…

Тибқи нақшаи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” буд, тамоми раисони кумиҷроияҳои ҳизбии мамлакат ба шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд, ки банда низ дар он ҳузур доштам. Мувофиқи нақшаи тартибдода курси бозомӯзиамон 6 рӯз (аз санаи 01.03.2021 то санаи 06.03.2021)-ро дарбар гирифт ва таҷрибаомӯзии мо дар яке аз ин рӯзҳо, аниқтараш рӯзи 4-уми март ба яке аз иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рост меомад. Ростӣ, то он рӯз лаҳзашуморӣ мекардам, ки кай фурсаташ фаро мерасаду ин муъҷизаи хиради азалии Пешвои миллатро бубинам. Дар ҳақиқат, маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат буд, ки НБО “Роғун” то имрӯз қомат афрохта истодааст.

Пас аз шунидани ин хабар, ки рӯзи 4-ум ба НБО “Роғун” меравем, нохудогоҳ хаёлам ба таърихи ин иншоот фурӯ рафт. Иншооте, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта ба нақша гирифта шудаву дар солҳои 70-ум кор дар самти сохтмони он шуруъ шуда буд, то соли 1990 ҳадди ақал як агрегати он ба кор надаромад. Вале саъю талош ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки НБО “Роғун” дар муддати камтар аз 10 сол ду чархаи худро ба кор дарорад. Ин ҳама хизматҳои шоёни Пешвои миллатро мардуми тоҷик дида, дар ҳамон даври аввали кори нерӯгоҳ, соли 2010, саҳмияҳои НБО “Роғун”-ро харидорӣ намуданд ва имрӯз низ мардуми дар кору пайкори худ содиқ дар паҳлӯи Пешвои миллат истода, сохтмони онро идома дода истодаанд.

Пештар ман як маротиба ба ин иншооти аср сафар карда будам ва азбаски кори машаққатбори одамонро медидам, ангушти ҳайрат мегазидам ва акнун сонияҳоро ҳисоб мекардам, то ки рафта Роғунро дар муқоиса бо солҳои гузашта чӣ қадар иваз гаштанаш бубинам.

Субҳи 4-уми март медамиду ман аллакай бедор будам. Мувофиқи нақшаи тартибдода соати 08:00 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳозир шавем ва дар ҳақиқат ҳозир шудем.

Даромадгоҳаш ончунон зебову бузург гаштааст, ки аз пештара хеле фарқ мекард. Дохили кӯҳҳои азим мардуми заҳматқарини тоҷик шаҳре бунёд кардаанд, шаҳри нур, шаҳри барқ. Ҳама дар такопӯи коранду ҳеҷ яке чашм аз кори худ барнамедорад. Ончунон ғарқи меҳнатҳои худ ҳастанд, ки аз дидани чунин манзара беихтиёр байте зери лаб   замзама кардам:

Он рӯз дур нест, ки Роғун ба нури хеш

Орад баҳори доимӣ дар қалбҳои мо.

Дар ҳақиқат, ин манзара дар дили ҳар бинанда чунин байтҳои пурмазмунро ба ёд меораду то умр боқист, фаромӯш намекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин таъкид кардаанд, ки: “Имрӯз таърих бар дӯши мову шумо, мардуми шарофатманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург мебошад. ”Имрӯз коркунони НБО “Роғун” ин суханони Пешвои миллатро шиори худ карда, рисолати ҷавонмардиашонро ба ҷо оварда истодаанд, то ҳарчи зудтар ба хонадони мардуми тоҷик барқ ворид гардад.

Зиҳӣ Пешвои миллат, зиҳӣ миллати тоҷик!

Дилшод ЗОКИРОВ,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Таассуроти нек

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муааззаф гардид, ки аз санаи 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси боз-омӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намояд.

Шунидани лексия-суҳбатҳои му-фид, гузаронидани “мизҳои мудаввар”, сӯҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангӣ бошад, боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва Маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун” ва Коҳи “Наврӯз”, ки дар барномаи курс  таҳрезӣ шуда,   дидан намуданд, басо хотирмон буд.

Дар поёни маърӯза саволу ҷавоб бо шунавандагон сурат гирифт, ки аз нишонаҳои таваҷҷӯҳи хос доштани аҳли нишаст буд.

Ин иқдоми созанда, пеш аз ҳама, барои ваҳдату ҳамдилӣ, табодули таҷриба ва барои боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ таккони бузурге бахшид. Аз ҷониби дигар масъулияти мо, роҳбарони ташкилотҳои ҳизбиро дар назди халқу Ватан боз ҳам зиёдтар намуд. Махсусан, он ободиҳое, ки имрӯз дар шаҳр Душанбе шуда истодааст, моро хеле руҳбаланд намуд. Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ин гӯшаи ободи кишвар шоистаи омӯзиш аст.

Итминони комил дорем, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ минбаъд бо доираи васеи ҳизбиён дар дигар минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана хоҳад даромад.

Муслимахон Ҷамолиён,

раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *