Таҳти ин унвон бо мусоидати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34-и шаҳр бахшида ба 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиши адабӣ – фарҳангӣ баргузор шуд. Хонандагони муассиса дар бораи аҳвол ва осори ин шоири арҷманд ва ходими шоистаи ҷамъиятӣ сухан гуфта, аз шеъру достонҳои ӯ пораҳо қироат намуданд ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қобилҷон Ҷалолов ба маъмурият ва хонандагони муассисаи таълимӣ барои арҷгузорӣ ба ин шоири тавоно ва таҳияи барномаи ҷолиб, ҳамкорӣ бо ташкилоти шаҳрии ҲХДТ изҳори сипос намуданд.
Рубрики