Рубрики
Uncategorized

Оғози мусобиқаи волейбол байни бонувон

          Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади истиқболи сазовори Рӯзи Модар дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр баргузории мусобиқаи варзиширо оид ба волейбол байни бонувони муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус ва олии шаҳр роҳандозӣ намуд.

          Дар ин мусобиқа, ки рузи гузашта дар толори варзишии  МТМУ рақами 3-и шаҳр бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва шӯъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр  ифтитоҳ шуд, дастаҳои волейболбоздухтарони  Донишгоҳи омӯзгорӣ, коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, литсеи касбӣ- техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок мекунанд.

          Барои дастаҳои ғолиб Кумитаи иҷроия тӯҳфаҳои арзишманди хотиравӣ омода намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *