Дар асоси накшаи чорабинихои ХХДТ ба муносибати 30- солагии Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон ва дастури Кумитаи ичроияи вилояти тибки Низомномаи дастрасшуда дар шахри Панчакент дар 2 давр: байни Чамоатхои дехот ва махаллахои шахр мусобикаи футболи хурди гайрикасби багузор гардид.
Максад аз баргузории ин мусобика ташфику таргиби тарзи хаёти солим, чалби шахрвандон ба тарбияи чисмони ва варзиш, таргиби васеи бозии футбол дар байни ахоли, дарёфти истеъдодхои нав, мустахкам намудани алокаи дўсти ва ба даст овардани «Чоми ХХДТ» мебошад.
Даври аввали мусобика дар варзишгохи Чамоатхои дехоти Саразм, Сўчина ва Ёри бо иштироки 12 даста аз Чамоатхои дехоти Саразм, Хурми, Вору, Чинор, Халифа Хасан, Лоик Шерали, Ёри, Сўчина, Амондара, Шинг, Рўдаки ва Косатарош баргузор гардид. Дар натичаи бози 4 даста: Ёри, Халифа Хасан, Лоик Шерали ва Саразм ба даври шахри роххат гирифтанд.
Даври дуюми мусобика, ки дар варзишгохи Хамро Хўчамуродови шахр бо иштироки 10 дастахо аз махаллахои Азизобод, Кокури, Шафтолузор, Сои Мисрак, Гулистон, Навобод, Кайнар ва Сои Зебон баргузор гардид 4 даста ба даври шахри роххат гирифтанд.
Чамбасти мусобикаи футболи хурд барои дарёфти “Чоми ХХДТ” байни дастахои Чамоатхои дехоти Ёри, Халифа Хасан ва махаллахои Азизобод, Кокури доир гардида дастахои голиб ба даври нимнихои роххат гирифтанд.
Дар бозии финали дастахо аз Чамоати дехоти Ёри, ва махаллаи Азизобод бо хам кувваозмои намуда дар натича дастаи махаллаи Азизобод голиби чойи аввал, дастаи Чамоати дехоти Ёри чойи дуюм ва дастаи махаллаи Кокури чойи сеюм гардиданд.
Дар интихои мусобика раиси КИ ХХДТ дар шахри Панчакент, узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Мурод Шукурзода, муовини раиси Федератсияи футболи шахр Усмонов Хушбахт, Сарвари мактаби варзиши шахр Иброхимов Бахтиёр ва ТЧЧ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи ичроия иштирок намуда ба голибони мусобика мукофоти пули, Диплом ва Чоми ХХДТ-ро такдим намуданд.
Бозихо хело чолиб ва бо иштироки тамошобинони зиёд доир гардида, хотирмон чамъбаст гардид.