Рубрики
top pay day loan

ПАНҶАКЕНТ: “ТОҶИКОН”- ҚОМУСИ МИЛЛАТ

Дар шаҳри Панҷакент даври шаҳрии маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба ифтихори 30- солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, баргузор шуд. Дар озмун 31 нафар ғолибони даври аввал, ки дар колеҷҳо, донишкадаи омӯзгории тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар оғози озмун раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, мазмуну моҳият ва шартҳои онро ба иштирокчиён шарҳ дод. Ҳакамони озмун баъди саволу ҷавоб ва фаҳмиши дониши иштирокчиён ҷойҳои ифтихориро байни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо ба шаш нафар лоиқ донистанд. ҷойҳои аввалро хонандаи мтму № 11-и ҷамоати деҳоти шинг Манижа Холиқзода ва донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Сӯҳроб Зиёдуллоев соҳиб шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамаи ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *