Гурӯҳҳои тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент боздиду мулоқотҳоро бо кишоварзон ва сокинони шаҳри Панҷакент идома медиҳанд.
Ин навбат аъзоёни гурӯҳ бо кишоварзон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ Амондара Ёрӣ, Косатарош, Шинг, Моғиён ва Фароб мулоқоту сӯҳбат анҷом доданд.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, сармутахассиси бахши вилоятии Агентии “Тоҷикстандарт” Эркин Музаффаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода, устодони донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мизробшоҳ Ғаффоров, Салоҳиддин Исроилов ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин ҷамоатҳои деҳот бо ҳолати истифодаи замин, кишти такрорӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои кишоварзии чанде аз сокинон шинос шуда, бо фаъолон ва кишоварзон мулоқот намуданд.
Таъкид шуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳини боздидашон дар навоҳии вилояти Хатлон баён доштанд, дар вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки ба ворид кардани маводи ғизоӣ ва нархи он таъсиргузор аст, бо истифодаи босамари ҳар қитъа замин, роҳандозии кишти такрорӣ, парвариш ва нигоҳубини дурусти зироатҳо, аз меваю сабзавот омода намудани захира барои фасли зимистон инро ҷуброн намудан мумкин аст.
Аъзоёни гурӯҳ ҳамчунин аз қитъаҳои заминҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, татбиқи таҷрибаи босамари истифодаи ин қитъаҳоро зарур шумориданд.
Боздиду мулоқотҳо бо кишоварзон идома дорад.