Ба ин савол ва пурсишҳои дигар дар бораи рафти иҷрои Қонунҳо “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”,”Дар бораи танзими ҷашну маросим ва анъана”,”Масъулияи падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” дар ҷамъомаде, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ тибқи дастури Кумиҷроияи вилоятии ҳизб доир намуд, ибрози назар карда шуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ дар сӯҳбат таъкид доштанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, назорати ниҳодҳои марбута ба иҷрои муқаррароти қонунҳои зикршуда яке омилҳои муҳим маҳсуб мешавад. Сабаби хушунати оилавӣ нисбат ба занон низ дар бисёр ҳолат аз сатҳи маърифати бонувони деҳот маншаъ мегирад.
Дар сӯҳбат иштирокчиён оид ба ин масъалаҳо назари худро баён намуданд.